Се гранти кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ барои таҳсил дар мактабҳои олии омӯзгорӣ

Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара барои таҳсил дар мактаби олӣ барои соли 2017 се грант таъсис дод.

Иқдоми мазкур бо мақсади амалигашти Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми декабри соли 2016 ҷиҳати таъмини муассисаҳои таълимӣ бо муаллимони баландихтисос, ҳалли масъалаи норасоии омӯзгорон, бо кадрҳои дорои таҳсилоти олии касбӣ таъмин намудани мактабҳои деҳот; Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (Муҳимтарин самтҳои рушди мамлакат дар солҳои 2015-2020) дар самти рушди илм, маориф ва фарҳанг бобати тақвияти тарбияи кадрҳои болаёқат; ташкилу роҳандозии муттасили захираи кадрҳои омӯзгорӣ, ҳавасмандгардонии ҷавонон барои интихоби пешаи омӯзгорӣ дар минтақаҳои эҳтиёҷманд ба омӯзгорон, дастгирии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №49, 64 ва 70-и деҳоти Чоркӯҳ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №26 ва 29-и деҳоти Сурх, ки пешаи омӯзгориро интихоб кардаанд, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии минтақаи Хонобод, ки пешаи омӯзгори фанни забони давлатиро интихоб карда, дар мактабҳои олӣ таҳсил менамоянд, рӯйи кор омадааст.
Гурӯҳи корӣ дар ҳайати намояндагони кумитаи шаҳрии ҲХДТ, раёсати маориф, бахшҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ҷамоатҳои деҳоти Чоркӯҳ, Сурх ва Хонобод, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №26,29- деҳоти Сурх, №49,64,70-и деҳоти Чоркӯҳ ва №40,41,42,44,46,48-и деҳоти Хонобод барои гузаронидани озмуни довталабони гирандаи гранти кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара барои дастгирии ҷавонони лаёқатманди деҳоти Чоркӯҳ, Сурх ва Хонобод, ки дар соли 2017 пешаи омӯзгориро интихоб карда, дар мактаби олӣ таҳсил менамоянд, имрӯзҳи корҳои фаҳмондадиҳӣ мебарад.
Маблағгузории грант аз ҳисоби маблағҳои пешбинишудаи хароҷоти намояндагии тарҳи ягонаи даромад ва хароҷоти кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара барои соли 2017 ба роҳ монда мешавад.
Лозим ба ёдоварист, ки гранти соли 2016-ро хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47-и деҳаи Чоркӯҳи шаҳри Исфара Саҳобиддин Султонализода соҳиб шуда буд, ки алҳол донишҷӯйи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода мебошад.

Дар ин бора Маркази таҳлилию иттилоотӣ ва зеҳнии кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ хабар медиҳад.

About Nasimi Isfara

Газета "Насими Исфара"

Posted on 12.04.2017, in Ахбор, Исфара. Bookmark the permalink. Комментарии к записи Се гранти кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ барои таҳсил дар мактабҳои олии омӯзгорӣ отключены.

Обсуждение закрыто.