Даргузашти Раъно Абдуллоева

АБДУЛЛОЕВАҚалби яке аз фарзандони барӯманд,  шахсиятҳои маъруфи диёр, ходими намоёни давлатӣ Раънохон Абдуллоева аз задан бозмонд.

Раънохон Абдуллоева 20-уми декабри соли 1928 дар шаҳраки КИМ (имрӯза Нурафшон) дар оилаи коргар ба дунё омадааст.
Баъди хатми мактаби миёна, ба Донишкадаи давлатии педогогии шаҳри Ленинобод дохил шуда, онро соли 1957 ба итмом расонидааст.
Баъди хатми донишкада фаъолияти меҳнатиашро ба сифати ҳисобчии хоҷагии ёрирасон оuоз намуда, солҳои 1943 – 1946 котиби озоди комсомолӣ, сардори шӯъбаи кадрҳои корхонаи истеҳсоли нефти КИМ буд.
Солҳои 1952 -1960 аввалан муаллимаи забони русии мактабҳои рақамҳои 5 ва 9-и шаҳри Исфара, баъдан методисти Донишкадаи такмили ихтисоси шӯъбаи маорифи шаҳри Ленинобод ва инспектори шӯъбаи маорифи вилоят, фаъолият намудааст.
Солҳои 1960 – 1965 ӯ дар мактаби ба номи Гагарини шаҳри Исфара вазифаи директориро иҷро намудааст.
Бо назардошти қобилияти ташкилотчигӣ ва роҳбариаш соли 1965 ӯро ба вазифаи ҷонишини раиси комиҷроияи шаҳри Исфара ва баъдан соли 1968 ба вазифаи раиси комиҷроияи шаҳри Чкаловск пешниҳод намудаанд.
Солҳои 1972 – 1976 Раънохон Абдуллоева мудирии шӯъбаи маданияти вилояти Ленинободро бар ӯҳда дошт.
Аз соли 1976 то ба нафақа баромаданаш ӯ дар вазифаи раисии кумитаи шаҳрии Иттифоқи касабаи коркунони соҳаи коммуналӣ ва саноат заҳмат кашидааст
Аз соли 1984 барои хизматҳои шоёнаш ба ӯ нафақаи дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ таъин карда шуда, солҳои 1985 – 1996 дар мактаби миёнаи рақами 12-и шаҳри Исфара чун омӯзгор фаъолият намудааст.
Хизматҳои Раънохон Абдуллоева бо ордени «Нишони фахрӣ», медалҳо ва ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олӣ ва Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон қадршиносӣ карда шудаанд.
Хотираи неки ин инсони шариф ва мутахассиси варзида дар дилу дидаҳо боқӣ хоҳад монд.

About Nasimi Isfara

Газета "Насими Исфара"

Posted on 19.04.2016, in Исфара. Bookmark the permalink. Комментарии к записи Даргузашти Раъно Абдуллоева отключены.

Обсуждение закрыто.